ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Иштироки Донишҷӯёни Академияи давлатии кишоварзии Кузбасси Федератсияи Россия дар ҷашни Мехргон

Санаи 19.10.2019  ҷашни Мехргон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар пойгоҳи Боғи фароғатию истироҳатии Ирами шаҳри Душанбе бо иштироки кӯли кишоварзон ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ  шуда гузашт. Дар баробари кӯли кишоварзони мамлакат,  ҳайати профессорону омӯзгорон  ва донишҷӯёни  донишгоҳ  низ дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, тамоми дастовардҳои илмию таълимии худро маразӣ тамошо қарор доданд. Донишҷӯёни Академияи давлатии кишоварзии Кузбасси Федератсияи Россия, ки дар доираи мубодилаи академӣ дар факултетҳои гидромелиоративӣ ва механиконии кишоварзии донишгоҳ таҳсили худро идома дода истодаанд,  дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд.