ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим

20-уми ноябр дар толори фарҳангии факултети агробизнес оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 «Дар боари Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» ҷамъомад баргузор шуд. Аҳмадов Б. Р.-муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар бораи баланд намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, истифодаи самарабахши заминҳои корам дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ташаккули ғизои солим ба моддаҳои ғизоӣ баромад намуд.

Ҳозирин оид ба мавзӯи баррасишуда андешаронӣ карда, тарғиби ғизои солим ва пешгирии фарбеҳию солимгардонии аҳолиро судманд арзёбӣ карданд.