ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Рӯшди маънавиёт омили солимии фард ва ҷомеа

12 декабри соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ташкил ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо ва ҳамоишҳои маърифатию тарбиявӣ доир ба масъалаҳои таъмини солимии оила, фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар донишгоҳ  вохӯрии ҷолибу хотирмон баргузор гардид.

Муини Мавсума Муинзода-муовини Раиси шаҳри Душанбе, Шарифзода Хушбахт Салим-сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Норасов Абдуалим-мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим-сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шарофзода Гавҳар-раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулов Сайфиддин-устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯён роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида суҳбати самимӣ ва ошкоро намуданд.