Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҳамкории қавии донишгоҳ бо расонаҳои хабарии кишвар

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  №АП-1729, аз 15 сентябри соли 2011 дар таърихи 4 феврали соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Қабл аз оғози нишасти хабарӣ ба журналистон китобча-гузориши матбуотӣ (пресс-релиз) дастрас карда шуд. 

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки намояндагони расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимилливу умумумибашарӣ ба инъикоси ҳаққонии воқеаю рӯйдод машғул гардида, дар ҳаллу фасли масоили доғи ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Донишгоҳ бо васоити ахбори умум  робитаи мустаҳками дуҷонибаи ҳамкорӣ дорад. Доир ба фаъолияти қисматҳои гуногуни донишгоҳ  дар соли 2020 дар симо  400  барнома ва дар садо 31 барнома пахш гардиданд, ки як қисми онҳо корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимони  донишгоҳ мебошанд. Ҳамчунин аз ҷониби  олимон оид ба натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ 24 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп гардиданд. Олимони донишгоҳ 14 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи дуру  наздик чоп  кардаанд, ки аз он 6 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалии шомили  Web of Scienc (Скопус) ба чоп расиданд. Тибқи назарсанҷии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон донишгоҳ сзовори ҷойи дуюм гаштааст, ки ин боиси ифтихор аст.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур меҳмононро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайрамақдам намуда, дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2020 ва нақшаҳо дар соли 2021 мухтасар маълумот дод.

Пас аз сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ саволу ҷавоб сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар аз шабакаҳои муътабари радиоиву телевизионӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо доир ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, вазъи кунунии боғу токпарварӣ, саҳми олимон дар баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ,  ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таълимиву илмии хориҷӣ, тадбиқи лоиҳаҳо, ташкили марказҳои машваратии илмӣ ва дигар мавзӯъхои доғи рӯз пурсон шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У. М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Аҳмадов Б. Р., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент  Бобохонова З. Қ., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, дотсент Нурмадов Қ. посух доданд.  Рӯзноманигорон қайд карданд, ки бо устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамкории дуҷонибаи судманд доранд. Онҳоро ҳамеша дар ин даргоҳи маърифат хуб пазироӣ мекунанду доир ба мавзӯъҳои муроҷиатнамудаашон дар бораи самтҳои гуногуни кишоварзӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ ҷавобҳои қаноатманд  мегиранд.

Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.

hamkorii avii donishgo bo rasona 1

hamkorii avii donishgo bo rasona 2

hamkorii avii donishgo bo rasona 3

hamkorii avii donishgo bo rasona 4

hamkorii avii donishgo bo rasona 5

hamkorii avii donishgo bo rasona 6

hamkorii avii donishgo bo rasona 7

hamkorii avii donishgo bo rasona 8

hamkorii avii donishgo bo rasona 9