Ҳамоиши ҷавонони соҳаи кишоварзӣ бо шиори "ИНТИХОБИ МО-ПЕШВОИ МИЛЛАТ"
Санаи 26-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи кишоварзӣ зери шиори “Интихоби мо-Пешвои миллат”, ки дар ҳошияи Анҷумани 14 – уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, вобаста ба пешбарӣ намудани номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ-раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода-муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок варзиданд.
Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур оғоз намуданд. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Кароматулло ва омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур- Баҳорзода Сироҷиддин суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш бо дарназардошти музокираҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷониби маърӯзачиён ва иштирокчиёни ҳамоиш изҳороти иштирокчиёни ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Интихоби мо-Пешвои миллат”-ро Абдулхайров Наврӯз Ҷаборович-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ қироат намуд.