Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе

Дар таърихи 01 –уюми апрели соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ. Шоҳтемур дар асоси Нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 январи соли 2021 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021, №97 «Дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғибу дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ», баргузор гардид.

Дар баргузории ин чорабини Маҳмадёрзода У.М.– ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Исҳоқӣ Ҳусния – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷ. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Абдулозода М. – вакили Мачлиси вакилони халки шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Ҷ. – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Суярова С. - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар назди омӯзгорону донишҷӯён оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов М. – профессори кафедраи тахрих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Абдулозода М. – вакили Мачлиси вакилони халки шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Ҷ. – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Суярова С. - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Маҳмадёрзода У.М. – ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, бо маърӯза баромад намуданд.

barguzorii mulo otu vokh rii gur oi tabli otii kumitai i roiyai khdt dar no iyai i somonii sha ri dushanbe 1

barguzorii mulo otu vokh rii gur oi tabli otii kumitai i roiyai khdt dar no iyai i somonii sha ri dushanbe 2

barguzorii mulo otu vokh rii gur oi tabli otii kumitai i roiyai khdt dar no iyai i somonii sha ri dushanbe 3

barguzorii mulo otu vokh rii gur oi tabli otii kumitai i roiyai khdt dar no iyai i somonii sha ri dushanbe 4

barguzorii mulo otu vokh rii gur oi tabli otii kumitai i roiyai khdt dar no iyai i somonii sha ri dushanbe 5