Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Дар ҳошияи Паём вохӯрии ҷолибу хотирмон

22-юми феврал дар толори фарҳангии бинои асосии донишгоҳ мулоқоти Назарзода Шариф  Раҳмон-сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе , генерал-лейтенанти милитсия бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сардорони раёсат, дигар шахсони  масъули мақомоти мазкур ва муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, ҳамчунин дигар мутасаддиёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмононро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуд.

Назарзода Шариф Раҳмон  ибтидо аҳли нишаст ва дар шахсияти онҳо кулли мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо Рӯзи Артиши миллӣ ва 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, сулҳу амнияти доимиву фазои оромро ба тоҷикистониён таманно кард. Сипас, бо маърӯзаи муфассали таҳлилӣ оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, аз ҷумла қайд  кард, ки дар Паём омадааст: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад». Яъне, Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ намудаанд.

Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии нашъмандӣ муҳим мебошад. Бояд тазаккур дод, ки риояи бечунучарои қонунҳои амалкунанда ва дар доираи онҳо зиндагиву фаъолият кардан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Бояд,  ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ пурра риоя карда шавад, ин амал ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Имрӯз тибқи омори мавҷуда қисмати зиёди ҷавонон ба сомонаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд, ки ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои алоҳидаи интернетӣ ба манбаи аслии шаклдиҳандаи афкори омма ва созандаи ҷаҳони маънавии ҷавонон табдил ёфтаанд. Ҷавонон, ки қувваи бузург, такягоҳи боэътимод, пешбарандаи давлату миллатанд, бояд амиқ дарк намоянд, ки вазифаи асосии онҳо дар марҳилаи ҳозира омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ намудани воситаҳои техникии муосир, дастовардҳои технологияи ҳозиразамон, хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад. Ҷавонони ҷомеаи мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасанду шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ кунанд.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ дар суханрониаш қайд намуд, ки дар 30-соли истиқлоли давлатӣ тавассути ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон рӯ ба худшиносӣ оварданд, худро чун соҳибватану соҳибмулк шинохтанд. Мо  бояд шукронаи ҳар як лаҳзаи ҳаётро кунем, ки давлати обод дорем, сарҷамъ ва ором ҳастему дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ дорем.

Ҳозирин ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.  Дар анҷоми чорабинӣ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф  Раҳмон ба гурӯҳе аз донишҷӯёни фаъол Сипосномаи ВКД дар шаҳри Душанберо тақдим намуд.

          Мулоқот ошкоро ва хеле ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 1

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 2

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 3

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 4

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 5

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 6

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 7

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 8

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 9

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 10

dar oshiyai pajom vokh rii olibu khotirmon 11