Саломатии миллат бойгарии давлат аст
Санаи 22.09.2020 аз соати 17:00 то 21:00 бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аксия таҳти унвони «Саломатии миллат бойгарии давлат аст» дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-2019 баргузор гардид. Дар рафти гузаронидани аксия корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, инчунин ба сокинони шаҳри Душанбе варақаи таблиғотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-2019, ниқоби тиббӣ ва маводи безараргардонӣ (антисептик) тақсим карда шуд. Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ гузаронидани чунин аксияро идома медиҳад.