Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Дастоварҳои олимони тоҷик дар Иди каду, харбуза ва тарбуз

Субҳи имрӯз, 30 августи соли 2020 бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт  бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз баргузор гардид.

Намоишгоҳи мазкурро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди каду, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмин намудани  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ  ва рушди соҳаи мазкур мебошад.

Аз тарафи олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гӯшаи тавсияҳо ташкил карда шуда ба деҳқонон барои парвариши каду, харбузаю тарбуз ва манфиатҳои он, инчунин аз ин намуди полезиҳо чӣ гуна омода намудани мураббо, хушку захиракунии ин маҳсулот ва фоидабахшии донаи он маслиҳату тавсияҳо ба роњ монда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Иди харбуза ва тарбуз  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҳамасола  таҷлил карда мешавад.

Дар ҷамъбасти намоиш ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ  ва иштирокдорон  ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 1

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 2

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 3

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 4

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 5

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 7

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 8

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 9

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 10

dastovar oi olimoni to ik dar idi kadu kharbuza va tarbuz 11