Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Давраи мутобиқшавии донишҷӯёни соли аввали таҳсил

30-юми сентябри соли ҷорӣ вохӯрии раёсати донишгоҳ, устодони собиқадор ва собиқадорони меҳнат бо донишҷӯёни соли аввал баргузор гардид.  Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки дар донишгоҳ анъана шудааст, ки ҳар сол пас аз гузашти 40 рӯзи мутобиҷшавии донишҷӯёни соли аввал бо онҳо вохӯрӣ доир гардад. Ин чорабинӣ бо мақсади ба самти дурусти донишандӯзӣ равона намудани ин донишҷӯён мебошад. Имсол тибқи омори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 43200 нафар довталабон ихтисосҳои роиҷи донишгоҳро интихоб намуданд, ки аз онҳо 2305 нафар сазовори номи баланди донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гаштанд, инчунин 37 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ пазируфта шуданд. Раванди таълим нишон медиҳад, ки шумо интизоми хуб дореду дар машғулиятҳо фаъолона иштирок менамоед. Ҷавонони гиромӣ аксариятатон аз деҳот омадаеду якбора ба муҳити афсонавии шаҳри Душанбе  ворид гаштаед, аз ин рӯ фаромӯш накунед, ки мақсади асосии шумо донишомӯзиву мутахассиси хуб шудан аст, бинобар ин пас аз хатми машғулиятҳо маконатон китобхонаву мароматон китобхонӣ бошад. Мо боварӣ дорем, ки донишгоҳи моро на ба хотири диплом гирифтан, балки мутахассиси варзида шудан интихоб намудаед. Барои ба ин ҳадаф расидан дар донишгоҳ ҳама шароит муҳайёст. Истеҳсолот бошад ба мутахассисони донишгоҳи мо эҳтиёҷ дорад, ин аст, ки хатмкардагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Мусо ва собиқ ректори донишгоҳ, академики АИКТ Мирзоев Давлаталӣ Мирзоевич баромад намуда донишҷӯёнро ба илмомӯзиву дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида дар пешрафти Тоҷикистони шукуфон саҳм гузоштан ҳидоят намуданд.

 davrai mutobi shavii donish joni soli avvali ta sil 0

davrai mutobi shavii donish joni soli avvali ta sil

davrai mutobi shavii donish joni soli avvali ta sil 1

davrai mutobi shavii donish joni soli avvali ta sil 2

davrai mutobi shavii donish joni soli avvali ta sil 3