Фестивали намоишу фурӯши асал ва озмуни анвои меваҷот
Субҳи имрӯз, 3-юми октябри соли 2020 бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали намоиш ва фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкурро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили чунин Фестивал пеш аз ҳама, таъмин намудани сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ ва рушди соҳаҳои номбурда мебошад.
Саҳми олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар баргузории ин Фестивал-намоиш бениҳоят бузург буда дар баробари ин онҳо гӯшаи тавсияҳо ташкил карданд. Ба кишоварон ва иштирокчиёни Фестивал дар бораи бунёд, парвариш, коркард, нигоҳдорӣ, мубориза бар зидди касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ дар боғҳои интенсивӣ ва ангурзор тавсияҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали намоиш ва фурӯши асал, озмӯни ангур ва дигар анвои меваҷот тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Дар ҷамъбасти Фестивали намоиш ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ ва иштирокдорон ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.