Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа»
Санаи 03 марти соли 2021 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур идомаи кори Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.
Идомаи кори Форумро Гулов Махкамбой Ҷумаевич – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе оғоз намуд.
Дар баргузории ин чорабини Шарипова Тоҷиниссо - муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Кенҷаева Хайриниссо - муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, Турсунова Мавлуда – корманди бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Хидирбойзода Саноат - корманди бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, Манучеҳри Анварӣ - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз, Муллодустов Сунатулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ, Назаров Ҷурабек - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён иштирок доштанд.
Дар назди занону ҷавондухтарон оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон Гулов Махкамбой Ҷумаевич – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шарипова Тоҷиниссо - муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Кенҷаева Хайриниссо - муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, Хидирбойзода Саноат - корманди бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, Назаров Ҷурабек - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён бо маърӯза баромад намуданд.