Иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадаф мерасонад
28-уми апрел дар донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Саноатикунонӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ: ҳолат ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Дар кори конференсия Ҷабборов Н. И.-намояндаи Институти проблемаҳои агроинженерӣ ва экологии соҳаи кишоварзии Санкт-Петербурги Федератсия Россия, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Сафаров М.-директори Маркази илмии технологияи инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ, Нурзода Н.-сардори шуъбаи аспирантура, магистратура ва доктор PhD-и АИКТ иштирок варзиданд.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Аҳмадов Баҳром Раҷабович ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур бо сухани ифтитоҳӣ дар мавзӯи «Қадамҳои устувор дар роҳи гузариш аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрии пешрафта” баромад намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки барои мо ифихори бисёр бузург аст, ки дар остонаи ҷашни пуршукуҳи 30 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ яке аз самтҳои стратегии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори саноатикунонии кишварро баррасӣ менамоем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш Ба Маҷлиси Олии кишвар қайд менамоянд, ки «Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем».
Яъне, мо роҳи гузариш аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари пешрафтаи индустриалӣ -арариро пеш гирифтаем. Боиси тазаккур аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои сангини солҳои аввали истиқлолият низоми иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ, ки мо онҳоро сарбаландона амалӣ карда истодаем, дар самти саноатикунонии кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба содирот бештар воридот мекунад. Барои тағйир додани ин вазъ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии худро саноатикунонӣ эълон кард ва бо ин мақсад Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Дар баробари таъмини рушди устувори кишвар Тоҷикистон мехоҳад молҳои рақобатпазирро ба хориҷа содир кунад.
Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки: “Танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайян намудаамон мерасонад”. Мақсади асосии саноатикунонии кишвар ноил шудан ба сатҳи баланди рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум аст. Ҳар як мутахассиси оянда, новобаста аз ихтисос ва касбаш бояд мазмуну моҳияти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба саноатикунонии босуръат хуб сарфаҳм рафта, барои амалигардонии он ҳиссагузорӣ намояд.
Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои тайёри дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷ баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаҳои бой ва пешқадам дар саноати кишвар раванди кунунии саноати кишварро тақвият мебахшад.
Бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ дар дохили ҷумҳурӣ татбиқи амалии таъмини озуқавории аҳолӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрокаро ба роҳ мондан зарур аст.
Барои амалишавии саъю талошҳои дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки дар атрофи роҳбари некандешу фозилу бохирадамон муттаҳид шавему ҳадафи чоруми стратегӣ- Тоҷикистони саноатиро бисозем. Бегумон амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастурҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии ҳар як мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Эргашев Д.Д.-мудири шуъбаи парандапарварии интенсивии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи “Местное серго в рационе яичных кур”; Ҷонмаҳмадов Қ.Ш., омӯзгори калони кафедраи баҳисогирии бухгалтерӣ ва аудити донишгоҳ дар мавзӯи “Вазъи имрӯза ва дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон”; Пулатов Ш.Я.-мудири кафедраи мелиоратсия ва таҷдидсозии ҳифзи замин, номзади млмҳои техникӣ, дотсент дар мавзӯи “Технологияи инноватсионии обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Дар атрофи мавзӯъҳои баррасишуда баҳсу мунозираҳои судманди илмӣ сурат гирифт.
Ахмедов Т.А.-профессори кафедраи меваю сабзавот ва боғпарварии донишгоҳ ба музокира баромада, оид ба роҳҳои гузариши соҳаи кишоварзӣ ба тарзи самараноки саноатии соҳа пешниҳодҳои муфид намуд.
Маҳмадёрзода У. М.-ректори донишгоҳ ба кори конференсия ҳусни хотима бахшида, тазаккур намуд, ки бояд ҳар як чорабинии илмӣ ҳамин тарз самараноку судманд гузараду баҳри дар амал тадбиқ намудани дастовардҳои илмӣ тамоми тадбирҳо андешида шаванд.
Иштирокчиёни конференсия аз рафти он суди зиёд бардоштанд.
Идомаи кори конференсия дар бахшҳо сурат гирифт.