Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ифтитоҳи дарсҳои омӯзишӣ

9 ноябри соли равон  маросими ифтитоҳи курси литсензионии  “Идоракунии   зиддибуҳронӣ” доир гардид, ки он ба тариқи он-лайн сурат гирифт ва он аз ҷониби Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гузаронида шуд. Дар кори он омӯзгорону донишҷӯёни  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон   ва Федератсия Россия фаъолона иштирок намуданд. 

Ҷаласаро   ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ифтитоҳ намуда, вобаста ба мактаби мазкур, ҳамкориҳои судманди донишгоҳ дар самти таълим, илм  бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ  ибрози ақида намуданд. 

 Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Бобохонова Зебуниссо Қараевна иброз намуд, ки мактаби мазкур минбаъд дар якҷоягӣ дар таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳбарии рисолаҳои хатми бакалавриат, магистрӣ,  навишти тақриз ба корҳои илмӣ бевосита ширкат варзанд ва хондани лексия тибқи нақшаи кории тасдиқкардашудаи Кумитаи консорсиумии Донишгоҳҳои аграрии Осиёи Марказӣ  ва Қафқози Ҷанубӣ (КАСКАД) имконият медиҳад. Ӯ барои дар сатҳи олӣ гузаштани курси нави омӯзишӣ ба ҳозирин комёбиҳо таманно намуд.

Аз ҷониби КАСКАД Умурзоқов Уктам Пардаевич-раиси   Кумитаи консорсиумии Донишгоҳҳои аграрии Осиёи Марказӣ  ва Қафқози Ҷанубӣ, Джумалиев Турганбек –декани факультета иқтисодиёти системаи иттилоотии Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон, Серекпаев Нурлан-доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ, профессори Донишгоҳи аграрӣ-техникии Қазоқистон, Ержакова Жанар-директори Институти иқтисодиёти технологияи инноватсионӣ ва омӯзиши касбӣ баромад карда, қайд намуданд, ки лексияҳо дар мавзӯъҳои актуаливу муҳим имкон медиҳад то на танҳо донишҷӯён, балки ҳайати профессорону омӯзгорон дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намоянд. Ин масъала ба хусус дунёро фаро гирифтани пандемияи коронавирус, ки ба ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла ба рафти таълим дар муассисаҳои олии касбӣ таъсир гузоштааст, хеле муҳим мебошад. Баҳри дар сатҳи касбӣ гузаронидани лексияҳо комёбиҳоро хостор шуданд.

Омӯзиши фанни “Идоракунии зидибуҳронӣ”, ки дар шароити кунунии иқтисоди бозоргонӣ хеле муҳим аст, дар ин хусус   дотсенти кафедраи менеҷмент ва соҳибкории донишгоҳ, омӯгори курси мазкур  Раҳимов Ҳаким Саидович ибрози назар намуда, дарсро бо пешниҳоди презентатсияи ҷолиб гузаронд. Курси мазкур муддати як ҳафта идома меёбад, сипас шунавандагон имтиҳон месупоранд.

iftito i dars oi om zish

iftito i dars oi om zish 1

iftito i dars oi om zish 3

iftito i dars oi om zish 4

iftito i dars oi om zish 5

iftito i dars oi om zish 6