Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҷашни Меҳргон тантанаи ранҷи кашидаи кишоварзон аст

Ҷашни Меҳргон иди миллии таърихиву суннатии миллати мо буда, дар баробари Наврӯз ба урфу одат бо гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз навиштаҳои китоби "Авасто" бармеояд, ки аз айёми таҷлили ҷашни Меҳргон то ба ин дам беш аз 5 ҳазор сол гузаштааст.

Пеш аз фасли сармо омадани ҷашни Меҳргон аз он далолат мекунад, ки он ҷашни табиат аст ва баъд аз бардошти ҳосили кишоварзию боғдорӣ ва чорводорӣ ба хотири шукронаи офаридгор барпо мешудааст. Сабаби дигари баргузории Меҳргон дар тирамоҳ ин аст, ки он фасли фаровонисту дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд, ки гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад. Кишоварзон дар ҳамин фасл ҳосили бо ранҷ парвардаи нӯҳмоҳаи худро ҷамъоварӣ менамоянд, яъне Меҳргон ҷашни бардошти дастранҷи деҳқон аст. Меваҳои себу нок, анҷиру лиму ва ғайра, ки ранги зарду норинҷӣ доранд, дар ин фасл пухта мерасанд ва зиннатбахши зиннати дастархони меҳргонӣ мешаванд. Аз тарафи дигар деҳқонону боғдорон ва чорводорон аз корҳои кишоварзӣ ва саҳроӣ нисбатан фориғ шуда, ба зимистони фарорасанда тайёрӣ мебинанд ва аз неъмати ҳосилшуда шукргузорӣ мекунанд.

Ҷашни Меҳргон қабл аз ҳама иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон буд, ки ниёгонамон баъди беталаф ҷамъоварии ҳосил ҷашн мегирифтанд. Аз ин рӯ, Меҳргон иди меҳру садоқат ба пешаи деҳқонӣ, ҷашни ҳосилот ва ҷамъбасту тантанаи ранҷи кашидаи кишоварзон аст.

18-уми октябри соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни суннатии миллии Меҳргон ва «Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳташам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода-муовини Сарвазири мамлакат, Амонулло Салимзода - Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Умед Гуреззода - муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Дар баргузории ин тантанаи идона саҳми олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бениҳоят бузург аст. Онҳо дар баробари ширкати фаъолона, ҳамчунин гӯшаи тавсияҳо ташкил намуда, ба кишоварон ва иштирокчиён тавсияҳои муфид доданд.

Тантанаро Давлатшоҳ Гулаҳмадзода-муовини Сарвазири мамлакат ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили чунин чорабинӣ пеш аз ҳама таъмин намудани сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода тантанаи идонаро  бо супоридани мукофотҳои хотиравӣ ҷамъбаст намуд. Барои фаъолияти самаранок ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи 22 номинатсия масъулони вазорату идораҳо бо диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз рӯйи номинатсияи «Омӯзгори беҳтарин» дотсент Шарипов Хуршед Буриевич- декани факултети агробизнеси ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои дастовардҳои самарабахш дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя бо Диплом қадрдонӣ карда шуд.

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 1jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 2

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 3

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 4

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 5

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 6

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 7

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 07

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 8

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 9

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 10

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 11

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 12

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 13

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 14

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 15

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 16

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 17

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 19

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 20

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 21

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 22

jashni mehrgon tantanai ranji kashidai kishovarzon ast 23