Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Хизмат ба Ватан шараф аст

Дар таърихи 02 – юми марти соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахшида ба таъсисёбии рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабусси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе конфронси ноҳиявӣ таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст» баргузор гардид.

Конфронсро бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба таълим, дотсент Бобоев Ш.Қ. кушода эълон намуданд.

Дар кори конфронс мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода А., шоира Шаҳрия, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нозими Рухшона, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Самандаров И.Ҳ., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдулхайров Н.Ҷ., муовинони декан оид ба тарбия, 42 нафар ятимони кулл ва 11 нафар маъюбон иштирок карданд.

Бо маърӯза мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода А., шоира Шаҳрия, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нозими Рухшона дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

2 нафар маъюб ва 1 нафар ятими кулл аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар анҷоми кори конфронс бо сипоснома қадрдонӣ шуданд. Инчунин ба 53 нафар ятимони кулл ва маъюбон туфаҳо дода шуд.

khizmat ba vatan sharaf ast 1

khizmat ba vatan sharaf ast 2

khizmat ba vatan sharaf ast 3

khizmat ba vatan sharaf ast 4