Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД! ...

Санаи 15.04.2020 дар пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе семинар машварат таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирӣ аз короновирус» баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагон ва волонтиёрони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Мирзода Ифтихор – табиби сироятшиноси беморхонаи сироятии кудаконаи шаҳри Душанбе, мудири кафедраи микробиология, вирусология ва эпизоотологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шарипов Маҳмадулло Азизович ва 80 нафар устодону донишҷӯён иштирок варзиданд. Мирзода Ифтихор, Шарипов Маҳмадулло Азизович ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо марӯзаю призентатсия таҳти унвони «Пайдоиш ва ҳолати сироятёбии бемории вируси COVID – 19 дар ҷаҳон», «Саҳми ҷавонон дар пешгирӣ аз вируси COVID – 19» ва «Дунё зери ниқоб» баромад намуданд.

Инчунин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе варақаҳои иттилоотии расмдор таҳти унвони «Дастонро чи тавр бояд безарар гардонид? Дар ҳолати ифлос будани дастон, бояд аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода намуд» ба миқдори 100 (сад) адад ба донишгоҳ дастрас намуданд, ки онҳо дар биноҳои ҳамаи факултетҳо насб карда шуданд.

khud va digaronro az siroyati koronavirus ifz namoed 1

khud va digaronro az siroyati koronavirus ifz namoed