Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

16-уми ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии бинои асосии донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши муассири Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон»  доир гашт.

Дар оғоз Суруди миллӣ танинандоз гардид, иштирокчиён бо эҳсоси баланд онро иҷро карданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро рӯзи пурфараҳ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда,  дар бораи нақши нотакрор ва бузургу беҳамтои Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ҳангоми ба дӯш гирифтани масъулияти сарварӣ Эмомалӣ Раҳмон барномаи кории тайёршудае надошт. Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахширо ба миён гузошт ва ин ғояҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд. Хизмати таърихии ин абармард аз он иборат аст, ки ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид. 27 июни соли 1997 барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро шароит фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро дорост ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.  Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ саҳми низоми маорифро хеле назаррас медонанд. Бинобар доимо таъкид менамоянд, ки бояд дар давраи кунунӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсии насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Имрӯз мо дар фазои орому осуда ва сулҳу дустӣ кору зиндагӣ мекунему ба чунин рӯзи нек бо сарварии Пешвои худ расидему ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи ӯем. Бо эътимоди комил аз пайи иҷрои фармудаҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешавем.

Профессор Усмонзода Хайриддин Усмон-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъсис ва инкишофи ниҳоди сиёсиву ҳуқуқии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», профессор Шарифов Зариф Раҳмонович-мудири кафедраи бухгалтерии ва аудит дар мавзӯи «Хизматҳои намоёни Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои  стратегии давлатӣ», Бобохонов Муҳаммадазим- профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-меъмор ва ҳомии сулҳу ваҳдат» ва дотсент Раҳматов Убайдулло-мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат-сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ»  баромад карданд.

Конференсия дар сатҳи баланди ташкилӣ ва хеле ҷаззобу хотирмон гузашт. Дар рафти конференсия тавассути телевизорҳои калонҳаҷм иштирокчиён наворҳоро аз лаҳзаҳои диловарию ташаббусҳои фаромӯшнашавандаи Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо карданд.

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 1

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 2

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 3

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 4

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 5

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 6

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 0

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 7

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 8

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 9

konferensiyai ilm nazariyav ba iftikhori r zi prezident 10