Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи талаботи Нақша-чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ дар давраи пандемияи сирояти короновируси COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешгирикунандаро ба роҳ мондааст.

Дар таърихи 7 декабри соли равон бо иқдоми Раёсати донишгоҳ миёни аҳолии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз сироятёбии пандемияи коронавирус COVID – 19 аксия гузаронида шуд. Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун волонтёр дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз кучаи ба номи Карамов то майдони Сарҳадчиён ба шаҳрвандон оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти короновируси COVID – 19 ниқоби ҳимоявӣ тақсим карданд, инчунин аз антисептик барои безарар гардонидани дастон ба шаҳрвандон хизмат расониданд.

Дар аксияи мазкур Шарифзода Наргис - муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва кормандони ШВКД ноҳия иштирок доштанд.

kor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyatkor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyat 1

kor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyat 3kor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyat 2

kor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyat 4kor oi fa mondadi i ati peshgirii bemori oi siroyat 5