Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ-ИТТИЛООТӢ

Соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бо  маблағгузории  Бонки умумиҷаҳонӣ  амалишавии Барномаҳои озмунии грантӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” эълон гардид, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  дар ин самт барандаи лоиҳа дар самти  “Занон ҳамчун  қувваи ҳаракаткунанда  дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо маблағгузории 40 ҳазор доллари амрикоӣ гардид, ки  мақсади асосии лоиҳа - ин таҳияи механизми баланд бардоштани  сатҳи фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ, ҳавасмандгардонии духтарон  барои дохилшавӣ ба донишгоҳ ва хатми бомуваффақияти он, бо кор таъмин шудани онҳо мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур Маркази омӯзишию-иттилоотӣ  ва хонаҳои маишӣ ба маблағи 175336 сомонӣ бапуррагӣ таъмир ва  таҷҳизотҳо харидорӣ гардид. Маркази иттиолотию –омӯзиши бо 10 компютер, кондитсионер, проектор, экран, тахтаи синфӣ, телевизиори калонҳаҷм,  мизу курсӣ, ҷевон барои китоб ва либос, шабакаи интернетӣ таъмин гардида, ошхона бо ду плитаи барқӣ, 3 тафдон, 1  яхдон ва таҷҳизотҳо барои пӯхтупаз, хонаи маишии дигар бошад,  барои шӯстушуи либосҳо  бо ду мошинаи ҷомашӯӣ, 2 тахтаи дарзмолкунӣ ва 2 дарзмол таъмин гардид, ки санаи 01.10.2020 бо иштироки муовини Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода  Наргис Достӣ ва  Раиси занони ноҳияи мазкур Шарипова Гулнигор Икромовна,  ёрдамчии ҳамоҳансози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҳомидхоҷа Ҳакимов кушода ва мавриди истифода ба донишҷӯдухтарон дода шуд.     

Раёсати донишгоҳ, на танҳо барои баландбардоштани маллакаи тахассусии донишҷӯдухтарон, ҳамзамон барои гирифтани касбҳои иловагӣ дар доираи лоиҳаи мазкур курсҳои омӯзиширо дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ, технологияи иттилоотӣ, пӯхтупаз, дузандагӣ ва рӯзгордорӣ  амалӣ намуда истодааст, ки мушовирон аз ҳисоби олимазанону кормандони фаъоли донишгоҳ интихоб гардида, барояшон дарс мегӯянд ва умедворем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ бо  баландбардоштани савияи дониш, сатҳи забономӯзӣ, маллакаи рӯзгордорӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва таҳкими иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои худро мегузоред.   

markazi om zish ittiloot

markazi om zish ittiloot 0

markazi om zish ittiloot 1

markazi om zish ittiloot 2

markazi om zish ittiloot 3

markazi om zish ittiloot 4

markazi om zish ittiloot 5

markazi om zish ittiloot 6

markazi om zish ittiloot 7