Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Машқи фармондеҳии мудофиаи гражданӣ

29 сентябри соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сардори Мудофиаи граждании ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, машқи фармондеҳии ситоди мудофиаи граждании донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ин машқ роҳбарияти мудофиаи граждании донишгоҳ, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии полковник Вализода Хуршед ва дигар намояндагони хадамоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ: тиббӣ, оташнишонӣ, тартиботи ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар рафти машқ гурӯҳҳои  нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ амалиёти худро барои бартараф намудани офати табиии заминҷунбӣ ва сар задани сӯхтори  ба амал омада нишон доданд.

Аз тарафи роҳбарияти мудофиаи граждании донишгоҳ  сардорони гурӯҳҳое, ки дар рафти машқ аз уҳдаи иҷрои вазифаашон ба хубӣ баромаданд, бо сипосномаҳо қадр карда шуданд.

Ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-сардори мудофиаи граждании донишгоҳ, муовини ректор оид ба таълим Бобоев Шариф Қаноатшоевич -сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании донишгоҳ ва Абдуалимов Меҳриддин- мутахассиси ин соҳа барои хуб ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар донишгоҳ ва дар сатҳи олӣ гузаронидани ин машқи ситоди фармондеҳии Мудофиаи гражданӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки онҳоро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

 mash i farmonde ii mudofiai grazhdan

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 1

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 2

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 3

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 4

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 5

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 6

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 7

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 8

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 9

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 10

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 11

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 12

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 13

mash i farmonde ii mudofiai grazhdan 14