Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Намоиш-фурӯши китоб

29-уми октябри соли равон дар пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намоиш-фурӯши васеи китобҳои тозанашри муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси китобхонаҳо ва рушди маънавиёти ҷомеа, ки дар Паёми анъанавии ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор мешаванд, гузаронида шуд.

Устодону донишҷӯёни донишгоҳ намоиш-фурӯши китобро бо шавқ тамошо карда, китобҳои дилхоҳашонро дастрас намуданд. Барои иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дӯстдорони китоб баргузории ин гуна чорабинии фарҳангӣ бисёр муҳим аст, зеро онҳо китобҳои даркориашонро дастрас намуда, ба-дин васила махзани донишашонро ғанӣ мегардонанд.

namoish fur shi kitob 6

namoish fur shi kitob 1

namoish fur shi kitob 2

namoish fur shi kitob 3

namoish fur shi kitob 5

namoish fur shi kitob 4

namoish fur shi kitob 7