Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Наврӯз мужда аз баҳор ва файзу баракати рӯзгор аст.

20 марти соли 2020 саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур қабои идона ба бар карда буд, шиору навиштаҳо, садои созу наво, даста-даста бо либосҳои идона ба базмгоҳ воридшавии ҷавонону гулдухтарон, ба атроф паҳншавии бӯйи муаттари ниҳолони пургули навшукуфта аз таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ мужда медод. Идкунандагон баҳри дар сатҳи баланд гузаштани ҷашни байналмилалии Наврӯз омада буданд.

Ақрабаки соат ба 10-дакка хӯрду садои карнаю сурнай дар фазои донишгоҳ танинандоз гардид. Меҳмонони олиқадри ҷашнвора Каримзода Саъдӣ Ғаффор- муовини якуми  вазири кишоварзии Љумњурии Тољикитон, Миралӣ Сафаров-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони КАС, Баротов Мусо - собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоиру нависандагон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҳозиринро ба базмгоҳ хайрамақдам намуд. Маъракаи идона дар гӯшаҳои алоҳида бо риояи суннатҳои Наврӯзи хуҷастапай вобаста ба минтақаҳо оғоз ёфт. Пас аз тамошои намоишҳои идонаи факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ меҳмонон ва ҳозирин вориди базмгоҳ шуданд.

Гулдухтарони чаканпӯшу атласбабар ва ҷавонони пироҳани идонадошта бо суруду таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилошӯб қалбҳоро ба ҷӯшу дилҳоро ба хурӯш меоварданд. Ровиёни хушбаёну булбулбаён  бо замзамаи мисраъҳои назмию насрӣ ҳар баромадро бо розҳои аз ҷониби адибон васфшуда мепайвастанд. Барномаи театрикунонидашуда дар иҷрои иштирокчиёни ансамбли халқии "Гулдаста" хеле ҷаззобу дилрабо буд.

Хандаву сурур ва рақсу бозии тифлакони ба базмгоҳ омадаро ҳадду канор набуд, ҳамроҳи онҳо омӯзгорону донишҷӯён хурсандӣ мекарданд ва аз неъматҳои Истиқлолияти ба даст омада шукргузорӣ менамуданд. Таманно мекунем, ки фазои сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон ҷовидонӣ бошаду ҳар рӯзи мардуми мо бо шодию фараҳ гузарад.

Ҷашни Наврӯз фаро расидани баҳор, эҳёи табиат, гулпӯш шудани замин, дамидани сабзаву гулу шукуфа, оғози тухмпошӣ ба замин ва сарсабзии дарахтон ба шумор меравад. Бошад, ки донаҳои дар ин баҳор бо умед ба замин пошидаи кишоварзон неш зада серҳосил шаваду ба мардум файзу баракат оварад.

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон!

Navruz 2020Nav ruz 2020

Navruz 2020 2Navruz 2020 1

Navruz 2020 3Navruz 2020 6