Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1729 аз 15 сентябри соли 2011 дар таърихи 29 январи соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2019 ва нақшаҳо дар соли 2020 мухтасар маълумот дод.

Идомаи нишаст ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.