Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Нишасти матбуотӣ

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1729 аз 15 сентябри соли 2011 дар таърихи 17 июли соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ аз рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Мароми пойтахт”, “Дониш”, ҳафтаномаи “Омӯзгор”, “Тоҷикистон”, маҷаллаи “Кишоварз”, телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, радиоҳои Тоҷикистон “Садои Душанбе”нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дарнимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ва нақшаҳо дар соли таҳсили 2020-2021 мухтасар маълумот дод.

Идомаи нишаст ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, ҷолибу хотирмон гузашт.

Nishsti khabari 2020Nishsti khabari 2020. 1gif

Nishsti khabari 2020. 2gifNishsti khabari 2020. 3gif