Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ғояҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззам сарчашмаи ғамхориҳоянд

28-уми январ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ вохӯрии ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбон баргузор гардид. Алҳол дар донишгоҳ 42 нафар ятими кулл ва 11 нафар маъюб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор дар баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбону ятимон  яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми имсола  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ин масъаларо бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки «Соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд.

Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Зарур аст, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон якҷо бо Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳоро таҳия ва барои мувофиқа ба Роҳбари давлат пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд».

Имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии шахсони маъюбу ятим аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Чунончи, дар моддаи 34 - и он дарҷ гардидааст, ки «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Ҳамзамон дар моддаи 38 ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва дар моддаи 39 - и Конститутсия ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоии маъюбон муқаррар карда шудаанд.

Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбону ятимонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Тибқи қонунгузории амалкунанда маъюбон вобаста ба категорияҳо ва гурӯҳҳои маъюбиашон аз имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдоранд.

Раёсати донишгоҳ ба масъалаҳои маъюбӣ, камбизоатӣ ва дигар масоиле, ки ҳаёти рӯзмарраи ин гурӯҳи шаҳрвандонро халалдор месозад, диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро онҳо ҳаёти душвор доранд ва месазад, ки пайваста дар ҳаққашон меҳрубонию ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Раёсати донишгоҳ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони ятиму маъюб, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳоро беҳтар менамояд. Ба  онҳо пайваста  кӯмак  расонида  мешавад, аз ҷумла дар  арафаи ҳар як  ид.  Мувофиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ятимони кулл ва маъюбоне, ки тибқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар асоси муроҷиаташон аз пардохти маблағ озоданд.

Мо тасмим гирифтаем, ки минбаъд низ аз  шароити  зиндагии   онҳо  бештару хубтар бохабар  шавем.  Кӯшиш  мекунем, ки  дар  андак мушкилот  дастгириашон намоем. Ҳамаи онҳо бо идрор таъмин гардида, барояшон ҳар рӯз як маротиба хӯроки ройгон ташкил карда шаваду аз пардохти маблағи хобгоҳ низ пурра озод карда шаванд. Тибқи дархосташон ба онҳо сару либос ва пайафзол харидорӣ карда шавад. Барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими куллу маъюб, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешем. Хатмкунандагон-ятимони куллу маъюбонро бо ҷойи кор таъмин менамоем. Ба иловаи ятимони куллу маъюбон дар донишгоҳ 362 нафар нимятим таҳсил мекунанд.  Шароити зиндагии онҳоро низ ба назар гирифта барояшон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоем. Мо дар кору фаъолияти хеш ҳамеша аз ибтикороти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоем. Ғамхорӣ ва дастгирӣ дар ҳаққи донишҷӯён-ятимони кулл аз ғояҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззамамон сарчашма мегиранду ҳадяеанд баҳри истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ -30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳи азизамон.

Таъбири халқӣ ҳаст, ки «Поёни шаби сиёҳ сафед аст».  Инро хушбахтона  шумо  ба куллӣ дарк менамоед. Гарчанде баъзан ба кӯмаки атрофиён ниёз доред, вале кӯшиш мекунед, ки тавоно, зирак, мустақил ва аъзои баробарҳуқуқи ҷомеа бошед. Аз ин рӯ,  аз шумо ҷавонони азиз эҳтиромона ҳоҳиш менамоем, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳо раседу хубу аъло хонед, то ки фардо мутахассисони варзида шуда ба халқу Ватан хизмат намоед. Ҳеҷ гоҳ фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини гурӯҳҳои харобкор нашавед. Ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти шумост, кӯшиш кунед, ки бо ҷаҳду талошатон дар ободии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошед.

Пешниҳодҳои ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмурро иштирокчиён бо кафкӯбӣ дастгирӣ намуданд.  Ин тадбирҳоро раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ намудааст.

oya oi insond stonai peshvoi muazzam sarchashmai amkhori oyand

oya oi insond stonai peshvoi muazzam sarchashmai amkhori oyand 1

oya oi insond stonai peshvoi muazzam sarchashmai amkhori oyand 2

oya oi insond stonai peshvoi muazzam sarchashmai amkhori oyand 3