Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмуни «Суруди Модар Алла»

Дар санаи 15 феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳ тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  № 5/1-70-в аз 21 январи соли 2020  бахшида ба Рӯзи Модар ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодон, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд дар байни донишҷӯдухтарон озмуни «Суруди Модар-Алла»-ро баргузор намуд.

Дар озмуни донишгоҳии  «Суруди Модар Алла» Назирзода Саида-донишҷӯи курси 3-юми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ ғолиб гардид ва ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявиро ба даст овард.

 ozmuni surudi modar allaozmuni surudi modar alla 1