Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмуни ҷуҳуриявии “Дастархонороӣ”

7-уми феврали соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 дар тарабхонаи “Марҷона” даври ноҳиявии озмуни ҷуҳуриявии “Дастархонороӣ” баргузор шуд. Дар озмуни мазкур намояндагони 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзиданд. 

Ҳунари дастархонороии донишҷӯдухтарони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷониби ҳайати доварон баҳои баланд гирифт ва онҳо ғолиби озмун гаштанд.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Ҳамид ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

 Dastakhon oroi 0

Dastakhon oroi 1Dastakhon oroi 2