Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Рафти аттестатсия дар сатҳи зарурӣ қарор дорад

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Дар асоси дастуру супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама Озода Эмомалӣ Раҳмон баҳри тадбиқсозии ин ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат ва бо мақсади иҷрои фармоиши №48, аз 13.11.2020 ҷиҳати аз аттестатсия гузаронидани кормандони шуъбаҳо ва кафедраҳои техникӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва русӣ 26-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ аттестатсия баргузор шуд, ки дар умум 189 нафар омӯзгор аз аттестатсия гузаштанд.

Пас аз баргузории ин аттестатсия раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки ҳар нимсола (дар як сол ду маротиба) бо мақсади баланд бардошгтани сатҳи кордонию дониши касбию сиёсии омӯзгорон онҳо аз аттестатсияи донишгоҳӣ гузаронида шаванд.

Дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён рӯзҳои 21-23 январ аттестатсия ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ташкил карда шуд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 аз рӯйи барномаи ягонаи донишгоҳӣ (журнали электронӣ) гузаронида мешавад.

Раёсати донишгоҳ омӯзгорони факултетҳоро бо навбат аз аттестатсия гузарониданд. Омӯзгорон бо омодагии ҷиддӣ ба аттестатсия ҳозир шуданд. Натиҷаи аттестатсия ва ҷавобҳои омӯзгорон нисбати аттестатсияи қаблӣ (26.11.2020) дар сатҳи баландтар қарор гирифт.рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 1

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 2

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 3

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 4

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 5

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 6

рафти аттестация дар Сати зарури карор дорад 7