Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Роҳҳои  самаранок истифодабарии заминҳои корами обёришаванда дар Тоҷикистон

Бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ дар доираи  дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ  дар вилояти Хатлон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур таърихи 4-уми июни соли 2020 онлайн-конференсия дар мавзӯи “Роҳҳои  самаранок истифодабарии заминҳои корами обёришаванда дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар онлайн-конференсия вазири кишоварзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Салимзода Амонулло Файзулло дар мавзӯи “Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ”, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, профессор Маҳмадёрзода У.М.  дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии заминҳои обёришаванда”, профессори донишгоҳ Гулов С.М. дар мавзӯи “Рушди ситруспарварӣ дар шароити Тоҷикистон: масъала ва роҳҳои ҳалли он”, профессор Ахмедов Т.А. дар мавзӯи “Технологияи муосири парвариши зироатҳои сабзавотӣ”,  Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Х. Бобозода дар мавзӯи «Самараноку оқилона истифодабарии заминҳои кишоварзӣ», муовини  Сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Иброҳимиён А. К. дар мавзӯи “Роҳҳои беҳтар намудани кишти такрорӣ дар Вилояти Хатлон”,  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ  Аҳмадов Б.Р. дар мавзӯи “Маданияти истифодабарии техникаи кишоварзӣ”, Назиров Ҳ.- профессор, директори Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ дар мавӯи “Самаранок истифодабарии замини байни қаторҳои боғҳои ҷавон”, ходими пешбари илмии Институти зироаткории АИКТ Шарипов Р. Р. дар мавзӯи “Технологияи муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ бо мақсади рӯёнидани се ҳосил”, Сардори раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Данғара Расулов Б.  Р., дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии заминҳои кишоварзӣ”, мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Рашидов Н. Ҷ.  дар мавзӯи  «Усули парвариши ҷуфтии ангур, ҳамчу омили интенсивикунонии соҳа»  баромадҳои илмиву амалиявӣ намуданд.

Дар фарҷоми онлайн конференсия аз тарафи Вазири кишоварзӣ, муҳтарам Салимзода А.Ф. ва ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода У.М.  дастуру маслиҳатҳо ба иштирокчиён   ва омодагии хешро ҷиҳати  сари вақт ва дар муҳлатҳои муқаррар карда шуда иҷро намудани  супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳо, рушди кишти такрорӣ, ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ, беталаф ҷамъоварии ҳосил, афзун намудани масоҳату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин   захира намудани он иброз намуда, қайд карда шуд, ки чунин чорабиниҳо минъбад низ давом дода мешавад.

ro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikistonro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikiston 0

ro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikiston 3ro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikiston 1ro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikiston 4ro oi samaranok istifodabarii zamin oi korami objorishavanda dar to ikiston 5