Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист

Шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯз бо  шарофати даъвату ҳидояти ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада басо пуршукуҳу хотирмон ҷашн гирифта мешавад. имсол ҳам 31-уми январ  дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд. Дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Ҷашнро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳи аҷдодӣ муборакбод намуд. Дар ин ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ,  инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Иди Сада аз рӯйи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза)  ба 29 январ-рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд. Он панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаҳои нуҷумӣ дорад. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Сада дар заминаи воқеаҳои нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро дорад. Сада ин ҷашни  ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати  он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу  олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он кишоварзони олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардондаанд.

Таҷлили ҷашни аҷдодии Сада яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат аст. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира  мегардад. Яхобмонии баъзе қитъаҳо ба роҳ монда мешавад. Хулоса дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада ба баҳор омодагӣ мегирад. Дар ин давра корҳои мухталифи тайёрии агротехникӣ, аз қабили- омода намудани тухмиҳо ба кишт, гузаронидани шудгор ва киштҳои зерзимистонаи зироатҳо, пошидани нуриҳо, таъмир ва омодасозии мошинолотҳои кишоварзӣ, тозагардонии заҳкашу заҳбӯрҳо, яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйикунии хокҳои шӯр, нармкунии бехи дарахтон, мубориза бар зиди ҳашарот ва касалиҳо, нигоҳдории барфҳо ва захираи намӣ, хокпошӣ ва ғайра амалӣ гардонида мешаванд. Дар бораи ин амалҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ олимониДонишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба кишоварзон тавсияҳо доданд.

sada omodag

sada omodag 01

sada omodag 02

sada omodag 04

sada omodag 03

sada omodag 05

sada omodag 06

sada omodag 07

sada omodag 08

sada omodag 09

sada omodag 10

sada omodag 11