Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Семинари амалӣ

9 декабр дар пойгоҳи КВТТ “Ҳисор”-и шаҳри Ҳисор семинари амалӣ дар мавзӯи “Технологияи коркарди замин ва кишти тирамоҳӣ, роҳҳои беҳтарнамоии ҳолати зимистонгузаронии боғу токзорҳо ва чорвои кишоварзӣ” таҳти сарварии профессор Аҳмадов Баҳром Раҷабович-муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия гузаронида шуд.

Дар қисми амалӣ корҳои гузаронидани шудгор, тайёр намудани хок барои кишт; кишти тирамоҳӣ дар мисоли зироати гандум; шинонидани дарахтони ороишӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳанда; башаклдарории дарахтон; ҳимояи дарахтон; яхобмонии боғҳо; зимистонгузаронии чорво: чорабиниҳои диспансеризатсионӣ; пешниҳод намудани усулҳои муосири мкайн намудани таркиби хӯроки чорво, гузаронидани ҷараёни механиконидашудаи ҷамъоварии ғӯзапоя(карчовка) роҳандозӣ карда шуданд. Семинари мазкур бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ба кишоварзон тащкил ва гузаронида шуд.

Олимони донишгоҳ профессорон Гулов С. М., Ахмедов Т.А., Қодиров Қ.Ғ., дотсентон Холов З. ва Мирзоев Т. амалан тарзи гузаронидани ин тадбирҳои коркарду  агротехнологияро нишон доданд. Дар рафти онҳо донишҷӯёну магистрҳои донишгоҳ иштирок карданд. Дехқонону фермерони ҳузурдошта дониши амалиашонро ғанӣ сохтанд.

 Рӯзноманигорон аз барномаи “Ахбор”-и шабакаи телевизиони “Тоҷикистон”, аз барномаи махсуси “Агроиқтисодиёт”, аз барномаи “Навид”-и шабакаи “Сафина” рафти семинари амалиро наворбардорӣ карда, пешкаши бинандагон намуданд.