Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”

Санаи  24 –уми октябри соли 2020 дар Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Ҳисор баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии заминҳои обӣ, расонидани кӯмакҳои машваратии назариявию амалӣ дар кишти саривақтии зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба кишоварзони ҷумҳурӣ дар самти амалишавии Ҳадафи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқавории мамлакат”  семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онбо дастгирии  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони донишгоҳ гузаронида шуд, ки дар он ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Шамсиддин Толибович, намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Гулов Абдукарим, олимони донишгоҳ, магистрон, докторантон ва хоҷагидорони шаҳри Ҳисор дар умум 64 нафар иштирок намуданд.

Семинари мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Шамсиддин Толибович  ҳусни оғоз бахшида, сипас дар қисми назариявии он  маърӯзаҳои илмии  доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ ва АИКР, профессори кафедраи растанипарварӣ Набиев Толиб Набиневич дар мавзӯи Самаранокии  парвариши зироатҳои кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ”, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Ҷабборов Тавакал Ҷалилович дар мавзӯи Муҳлат ва меъёри кишти зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ дар шароити иқлимии Тоҷикистон”, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи мошинҳои кишоварзӣ Ҳоҷиев Бахтиёр Бобоевич дар мавзӯи “Самаранок истифодабарии техникаи екишоварзӣ дар кишти тирамоҳӣ”, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳифз ва карантини растаниҳо Мирзоев Тавакал Каримович дар мавзӯи “Ҳимояи зироатҳои ғалладонагӣ аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар водии Ҳисор” шунида шуда, аз тарафи иштирокчиёни семинар саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар қисми амалии семинар  бо истифода аз техникаи муосири кишоварзӣ коркарди хок ва кишти зироати ғалладонагии гандум дар замини обии КВТТ ”Ҳисор”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар шаҳри Ҳисор  гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти кори семинар  доктори илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ, профессори кафедраи меваю сабзавотпарварии донишгоҳ Гулов Сайдалӣ Мамурович ва номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими илмии Институти зироаткории Академимяи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарипов Раҷабалӣ  ба муҳокима баромада кори семинари мазкурро мусбат арзёбӣ намуданд ва аз тарафи иштирокчиёни он  резолютсия  барои самаранок истифодабарии заминҳои истифодаи кишоварзӣ ва саривақт гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили баланд ва амалишавии Ҳадафи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқавории мамлакат” қабул карда шуд.

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 1

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 2

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 3

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 4

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 5

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 6

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 7

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 8

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 9

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 10

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 11

seminari ilmiyu amal dar mavz i mas ala oi kishti tiramo ii ziroat oi alladona mushkilot va ro oi alli on 12