Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ

18 уми марти соли ҷорӣ дар донишгоҳ ёздаҳумин солгарди ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи расму оини наврӯзӣ таҷлил карда шуд. Факултетҳо ва дигар сохторҳо  намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимӣ ва дастархони идонаи хешро омода карда буданд. Ректори донишгоҳ, профессор, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро  бо ин ҷашн табрик намуда аз ҷумла қайд кард: - Устодону донишҷӯёни азиз! Фарорасии ёздаҳумин солгарди Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзро, ки пайвандгари дӯстиву бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштист ба Шумо муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона, нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу менамоям. Умед бар он мебандем, ки қадамҳои мубораки Наврӯзи оламафрӯз ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад.

Наврӯз аз ҷумлаи суннату ойинҳои неки ҷашни миллии мост ва маҳз ғояҳои башардӯстонааш боис гардид, ки Наврӯзи дилафрӯз ҷашни ҷаҳонӣ шавад. 19 феврали соли 2010  64 – умин Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус қатънома қабул кард ва дар он таъкид шудааст, ки «Наврӯз ба гуфтугӯи миёни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра мусоидат мекунад».  Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад, ки Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хамаи ин хислатҳоро доро мебошанд. Ташаббусҳои наҷибонаашон оиди шинонидани ниҳол ва бунёди боғҳо боис мегарданд, ки даштҳои нообод ба боғу гулзорҳо табдил ёбанду ҳар як гӯшаи Тоҷикистони офтобӣ ҳамарӯза ободтару зеботар шавад. Ин  созандагию бунёдкорӣ аз фардои дурахшону гулгулшукуфии Ватан, аз ғояҳои абадзиндаи Наврӯз башорат медиҳанд.

Аз Наврӯзи гузашта то ин Наврӯз дар донишгоҳ корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расиданд ва дар ин давра донишгоҳ ба чандин дастовардҳо ноил гашт.  

Ректори донишгоҳ роҷеъ ба дастовардҳои донишгоҳ аз Наврӯз то наврӯз мухтасар ҳарф зад. Инчунин дар бораи суннатҳои наврӯзӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз воқеан ҳам ҳаётию табиӣ буда, айёме таҷлил мегардад, ки оламу одам дигаргун мегардад, мешукуфад, зиндатар мегардад. Боиси ифтихор аст, ки имсол халқи шарафманд ва соҳибхиради мо  бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамон 30 –солагии истиқлоли давлатиро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегирад. Барои мо ифтихори бузург аст, ки 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳи азизамонро низ ҷашн мегирем ва бо шодию сурур Наврӯзи дилафрӯзро хуш омадӣ!-мегӯем. Бори дигар Наврӯзи байналмилалиро бароятон самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон Наврӯзи ҷовидона орзу менамоям.

Ректори донишгоҳ ба чанде  аз омӯзгорони донишгоҳ барои фаъолияти босамар дар тарбияи мутахассисони бофарҳанг, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ  ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ ва ёздаҳумин солгарди Наврӯзи байналмилалӣ  Сипоснома тақдим намуд.

Донишмандон дар ҳама давру замонҳо аз Наврӯз тадқиқот карда, ин нуктаро муайян намудаанд, ки чунин ҷашн дар ҷаҳон назири худро надорад. Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст. Он Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро хамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд. Тибқи андеша ва эътиқоди онон Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад.

Бузургтарин рамзи ин ҷашн – гулест бо номи «гули наврӯзӣ», ки маҳз дар вақти фаро расидани Наврӯз дар минтақаи кӯҳистонии Мовароуннаҳр ва атрофу акнофи он шукуфо мешавад. Падид омадани ин гул башорат аз расидани Наврӯз аст, ки аз кӯҳу дашт чидан ва ба манзили зист овардани он як маросими ҳаяҷонбахши мардумӣ дар сарзамини мост.

Як суннати хеле густаришёфта миёни мардуми фарҳангсолори мо ин фасли солро бо суруду таронахонӣ истиқбол гирифтан аст. Гулдухтарони чаканпӯшу атласбабар ва ҷавонони пироҳани идона дошта бо суруду таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилошӯб қалбҳоро ба ҷӯшу дилҳоро ба хурӯш меоварданд. Ровиёни хушбаёну булбулилхон бо замзамаи мисраъҳои назмию насрӣ ҳар баромадро бо розҳои аз ҷониби адибон васфшуда мепайвастанд. Барномаи консертӣ дар иҷрои иштирокчиёни ансамбли халқии "Гулдаста" хеле ҷаззобу дилрабо буд.

Таманно мекунем, ки фазои сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон ҷовидонӣ бошаду ҳар рӯзи мардуми он бо шодию фараҳ гузарад. Бошад, ки донаҳои дар ин баҳор бо умед ба замин пошидаи кишоварзон неш зада серҳосил шаваду ба мардум файзу баракат орад.

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 1

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 2

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 3

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 4

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 5

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 6

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 7

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 8

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 9

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 10

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 11

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 12

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 13

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 15

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 16

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 17

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 18

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 19

ta lili navr zi bajnalmilal dar donishgo 20