Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Тадбиқи илм дар амал

16-уми январи соли равон ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, якҷо бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Аҳмадов Баҳром Раҷабович ва профессори кафедраи меваю сабзавот ва токпарварӣ Гулов Саидалӣ Маъмурович дар кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара бо раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии донишгоҳ шинос шуданд.

Дар ин хоҷагӣ филиали кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии донишгоҳ, ки бо тамоми шароити зарурӣ фаро гирифта шудааст, амал мекунад. Ҳамеша донишҷӯёни ин ду факултет ҷихати дар амал тадбиқ намудани корҳои илмиашон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар ин ҷо мегузаронанд. Алҳол таҷрибаомӯзон башаклдарории дарахтон машғуланд. Олимони донишгоҳ ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои муфид доданд ва ҳамзамон амалан раванди корбариро ба онҳо нишон доданд.

tadbi i ilm dar amal

tadbi i ilm dar amal 1

tadbi i ilm dar amal 2

tadbi i ilm dar amal 3