Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хоҷагиҳои пешқадам

Донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ ва боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии донишгоҳ ҳамасола таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимиашонро дар филиали кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии донишгоҳ, ки дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара амал мекунад, мегузаранд.

6-уми феврали соли ҷорӣ профессор Салимзода Амонулло Файзулло – муовини аввали Раиси вилояти Хатлон, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур – ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор, Аҳмадов Баҳром Раҷабович – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор, Гулов Саидалӣ Маъмурович – профессори кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии донишгоҳ бо мақсади шиносоӣ бо раванди таҷрибаомӯзӣ ва шароити корию истироҳатии донишҷӯён ба ин хоҷагӣ омаданд.

Дар хоҷагӣ тамоми шароити корию истироҳатӣ барои таҷрибаомӯзон фароҳам оварда шудааст. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ толибилмон дониши назариявии омӯхтаашонро дар амал тадбиқ намуда, бад-ин васила малакаи касбиашонро баланд мебардоранд. Ин ҳама заминаи мустаҳкаме мегузорад барои мутахассиси пешаи хеш шудан ва саҳми муносиб гузоштан дар истеҳсолот.

tajribaomuzii donishjuyon

tajribaomuzii donishjuyon 1

tajribaomuzii donishjuyon 2