Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Тамошои паём дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур

Рӯзи 26-уми январи соли 2021 дар толори “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Тамоми сохторҳои корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар толори калони донишгоҳ ва маҷлисгоҳҳои факултетҳо ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

tamoshoi pajom dar dat

tamoshoi pajom dar dat 1

tamoshoi pajom dar dat 3

tamoshoi pajom dar dat 4

tamoshoi pajom dar dat 5

tamoshoi pajom dar dat 6

tamoshoi pajom dar dat 7

tamoshoi pajom dar dat 8