Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Тантана ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ

20 феврали соли равон дар толори фарҳангии факултети агробизнес ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ибтидо аз ҷониби ҳозирин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур дар бораи роҳи тайкардаи Артиши миллӣ ва комёбиҳои дар муддати 27 сол ба даст овардааш сухан ронда собиқадорон, афсар-омӯзгорон ва муҳофизони марзу буми кишварро бо ҷашни фархунда табрик намуд.

Сардори кафедраи  ҳарбии донишгоҳ, полковник Шамсуддинов К. А.,раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ, профессор Кароматуллоев Э. С., намояндаи Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯи курси сеюми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Ш. Бомулозода ба сухан баромада, иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷашни Артиши миллӣ табрик карданд. Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба афсар-омӯзгорони кафедраи  ҳарбии донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Аз ҷониби иштирокчиёни дастаи ҳунарии халқии “Гулдаста”-и донишгоҳ сурудҳо дар васфи Ватан манзури ҳозирин карда шуд.

 tantana ba munosibati r zi artishi milltantana ba munosibati r zi artishi mill 1