Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Тантанаи идона

Ба ифтихори 8 март- Рӯзи модар 6-уми марти соли равон дар донишгоҳ маросими тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Мамур ҳозиринро бо ҷашни фархунда муборакбод намуда, аз ҷумла қайд кард: Иди бонувон 8-март, ки дар сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи Модар қабул шудааст, дар оғози фасли зебои сол, айёми бедоршавии табиат ҷашн гирифта мешавад,  чунки Зан ба баҳор, ишқ, зебоӣ, покӣ тавъам аст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  он дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Рӯзи модар номгузорӣ шудан ин аз ҳурмату бузургии Зан – Модар дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат Зан – Модар ба чунин мақому мартаба, ҷойгоҳи баланд ва қадрдонӣ сазовор аст. Ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил гардидани ин рӯз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

8 март дар тақвимҳо бо ранги сурх қайд мешавад, яъне рӯзи  фориғ аз кору бор, рӯзи истироҳати умумӣ дониста шудааст ва он  ҳамчун рӯзи байналмиллалии олитарин мавҷудоти сайёра Зан-Модар таҷлил мегардад. Хеле хушҳол ҳастам, ки дар рӯзҳои нахустини фасли зебои сол – оғози бедоршавии табиат, фасли сарсабзиву хуррамӣ ҷашни Шуморо табрик мегӯям. Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, ҷойгоҳи занон дар умури сиёсӣ, баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа мебошад, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин хусус махсус таъкид мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ нисбати занону модарони тоҷик эҳтироми хоссаро қоиланд, дар Паёми имсолаи хеш ба мақоми олии қонунгузори мамлакат таъкид намудаанд, ки: «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад». Ин таъкиди дилсӯзонаи Сарвари давлатро олимазанҳои соҳаи кишоварзӣ қувваи дили худ дониста, илҳом мегиранд, ки чунин пуштибон доранд.

Имрӯз дар ҷумҳурии мо ягон соҳаҳои иқтисодиёт, илм, маданият ва фаъолияти ҷамъиятие нест, ки дар он ақли расо, дастони  моҳир, чашми кордон ва дили гарми занони тоҷик ба кор наоянд. Занони пуршарафи мо имрӯз дар  вазифаҳои масъул ва мураккаби ҷамъиятӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона иштирок намуда, дар бунёди неъматҳои моддӣ, нерӯи маънавии ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Аз фурсат истифода бурда, кулли бонувони донишгоҳ ва дар симои онҳо тамоми бонувони Тоҷикистонро бо иди мубораки  8 - март аз самими қалб таҳният гуфта, ба шумо  ва хонадонатон тансиҳатию умри дароз, хонаободию сарбаландиро таманно менамоям. Бигузор, ин тозабаҳор ба Шумо ва дар симои  Шумо ба кулли бонувони кишвар осудагию хушбахтӣ ва шодию сурур биорад. Идатон муборак, бонувони меҳрубон!

Ба бонувони донишгоҳ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд ва ҳунармандони дастаи ҳунарии "Гулдаста" барномаи ҷолиби консертиро манзури иштирокчиён намуданд.

tantanai idona 1

tantanai idona 2

tantanai idona 3

tantanai idona 4

tantanai idona 5