Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ташабуси раёсати донишгоҳ ва кормандон!

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, бо аҳли ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандон бо мақсади пайгирӣ намудани сиёсати Пешвои муаззами Миллат, муҳтарам Эмомали Рахмон дар самти пешгирии зидди касалии сирояткунанда COVID-19 бетараф набуда бевосита кӯмаки моддию молиявии худро ба ҳайати хизматрасонии беморхонаҳои ҷумҳурӣ расонида истодаанд. Ҳафтаи гузашта як миқдор маводи хӯрока харидор кардашуда ба табибон ва фарошони беморхонаи шаҳрии рақами 1-уми ба номи Ахмедов Карим (1-ум Советский) инчунин устодони донишгоҳ, ки ба ҳамин касали мубтало шудаанд ба онҳо низ кӯмакҳои модди расонида шуд.

Инчунин як моҳа музди меҳнати ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба суратҳисобе, ки Сарраёсати хазинадории ВМҶТ, кушода шудааст ирсол гардид.

Имрӯз низ боз як миқдор маводи хӯрокворӣ аз қабили:

Орд, Равған, Шакар, Биринҷ, картошка, пиёз, сабзи, 20 -адад хилъати сафед, 200- маводи антисептикӣ, ба табибони беморхонаи Қарияи боло, ки дар онҷо низ беморони мубталои COVID-19 бистари ҳастанд расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст,ки хизмати табибон дар ин шароити имрӯза бениҳоят калон буда, онҳо ба зиндагии худ ва аҳли оилаашон таваккал карда шабу рӯз ба хизмати мардуми тоҷик мебошанд ва дар ин самт мо кишоварзон низ бетараф нестем.

Ҳамзамон аҳли коллективи донишгоҳ ният доранд, ки аз ҳисоби музди меҳнаташон як миқдор маблағ ба суратҳисоби Сарраёсати хазинадории ВМҶТ барои пешгирии касалиҳои сирояткунанда кушода шудааст гузаронанд.

 tashabusi rajosati donishgo va kormandon