Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Унвон муборак!

25 апрел дар вазъияти тантанавӣ Президенти бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ профессор Шарифов Зариф Раҳмонович дипломи ин Академияро ба ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур тақдим намуданд. Устоди гиромиқадр чун муҳаққики арзанда барои дастовардҳои илмӣ, тарбияи олимони ҷавон ва мутахассисони бофарҳанг ба ин унвон қадрдонӣ гардиданд.

Унвони навбатии илмиро бароятон самимонаву сидқан муборак менамоем, устоди муҳтарам! Таманно мекунем, ки дараҷаҳои боз ҳам шоёни илмӣ насибатон гардад!

unvon muborakunvon muborak 1

unvon muborak 2

Шуморо обрӯ бошад ҳамеша,

Баланд аз қуллаҳои кӯҳсорон.

Дар олам бахту давлат ёратон бод!

Чунин аст орзуи ҷамъи ёрон.