Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вохӯрӣ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28-уми декабр Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму илм, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ташриф овард. Ӯ шиносоиро  аз бинои Павилиони техникаи кишоварзӣ оғоз намуд.  Баъдан, озмоишгоҳҳои бехатарии сифати маҳсулоти ғизоӣ, сифати тухмӣ, агрохимия ва зироаткориро аз назар гузаронид. Дар идома аз гармхонаву гулхонаҳо ва Пажӯҳишгоҳи биотехнологӣ дидан намуд. Намоиши дастовардҳои факултетҳо ва эскизи гузаргоҳи чеҳраҳои мондагори донишгоҳ бахшида ба 90-солагии донишгоҳро меҳмонон бо шавқ тамошо карданд.

Сипас, дар толори фарҳангии бинои асосии донишгоҳ бо риояи масофаи иҷтимоӣ вохӯрии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд ва мухтасар дар бораи саҳми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар тарбияи мутахассисони баландпояи бофарҳанги кишоварзӣ маълумот дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми октябри соли 2011 ҳангоми суханронӣ ба муносибати 80 - солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъкид намуда буданд, ки: «Дар баробари омилҳои гуногун барои ба даст овардани ҳадафҳои муайянкардаи давлат дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши илму маориф хеле барҷаста мебошад.  Пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистони азиз ба соҳаи аграрӣ вобастагии амиқ дорад ва калиди комёбиҳои ояндаи иқтисодиёти кишвар дар дасти мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯи ин соҳа мебошад. Чунин  мутахассисонро дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд”.

Донишгоҳ дар тӯли 89 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин давра барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 53510 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ   ин теъдод зиёда аз 37,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 70 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад. Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд. Дар байни онҳо бисёр қаҳрамонони меҳнат, ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои калони комплекси агросаноатӣ, муассисаҳои илмӣ, академияҳо, докторҳо, профессорҳо ва дотсенту номзадҳои илм ҳастанд. Имрӯз ҳам тамоми тадбирҳоро меандешем, ки барои истеҳсолот мутахассисони варзидаро тайёр намоему онҳо дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми хешро гузоранд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар суханрониашон аз ҷумла қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамаддуни башариро аз тамаддуни кишоварзӣ дониста, рушди ҳама соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятиро ба он вобаста мешуморанду дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқотҳои илмии олимони соҳаро ҳамчун воситаи дучанд намудани маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолоти кишоварзӣ медонанд. Бинобар дар баробари тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҷтамеи агросаноатӣ тарҳрезии барномаҳои илмӣ, ба хусус он барномаҳое, ки бе восита аз талаботи истеҳсолот бармеоянд ва ба рушди он алоқаманданд, яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимон донишгоҳ ба шумор меравад. Ва дар ин самт ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимон мебошад. Боварӣ дорем, ки олимони донишгоҳ дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва рушди соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор хоҳанд шуд.

Академик Набиев Толиб Набиевич дар баромадаш, аз ҷумла қайд кард, ки Тоҷикистон асосан кишвари аграрист, аз ин рӯ таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаваду мазмуну мундариҷаи корҳои илмӣ - таҳқиқотии олимони донишгоҳ ба ҳалли ин масъала равона карда шудаанд. Ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимон аст.  Дар ин замина ҳамкории онҳо бо истеҳсолот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳо зуд-зуд ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ баромаду суҳбатҳо мегузаронанд. Лек вақтҳои охир дар гузаронидани таҷрибаҳои истеҳсолии донишҷӯён душвориҳо пешорӯ меоянд. Хуб мешуд, Вазорати кишоварзӣ мусоидат менамуд, то донишҷӯён дар хоҷагиҳои пешқадами кишвар таҷрибаомӯзиашонро мегузарониданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида, ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ барои маслиҳатҳои судманд изҳори сипос намуд.  Ӯ қайд кард, ки дар асоси ин маслиҳатҳо нақшаи корӣ таҳияи мегардаду баҳри амалишавии бандҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар идома ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 муборакбод намуда, қайд кард, соли нави 2021 дар баробари ҷашни муқаддаси миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли донишгоҳ 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳро таҷлил менамоянд. Умедворем, ки сол бофайзу пурбаракат меояд ва ин ҷашнҳо дар сатҳи баланд таҷлил мешаванд. Хоҳони онем, ки Соли нав ба ҳар хонаводаи мардуми шарифи Тоҷикистон бахту саодат, хушию сафо меораду дастурхонашон доимо пурнозу неъмат мегардад. Мақсадҳои неку созандаи ҳар нафар ҷомаи амал мепӯшад!

Воҳӯрӣ дар фазои озоду хеле хотирмон сурат гирифт.

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 1

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 2

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 3

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 4

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 5

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 6

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 7

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 8

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 9

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 10

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 11

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 12

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 13

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 14

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 15

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 16

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 17

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 18

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 19

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 20

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 21

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 22

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 23

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 24

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 25

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 26

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 27

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 28

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 29

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 30

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 31

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 32

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 33

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 35

vokh r bo vaziri kishovarzii um urii to ikiston 35