Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вохӯрии омӯзгорону донишҷӯён бо кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 13-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарғиби идеологияи солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ бо Амир Иброҳимзода-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии судманд   баргузор гардид. Омӯзгорону донишҷӯён ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтад.