Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вохӯрии Ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон

26-уми феврал Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор ва Аҳмадов Баҳром Раҷабович-муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор бо хатмкунандагони аълохони донишгоҳ вохӯрӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ аз ҷумла қайд карданд, ки тайёр намудани мутахассисони баландпояю бофарҳанг ва моҳири ба талаботи истеҳсолоти муосири кишоварзӣ ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳими донишгоҳ мебошад. Дар донишгоҳ имконияти васеъ барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дуру наздик фароҳам оварда мешавад, фақат забондонӣ ва олоҳӣ аз технологияи муосири иттилоотӣ зарур аст. Донишгоҳ алҳол бо  бо 137 донишгоҳу донишкадаҳои  24  давлати дунё  созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф аз қабили табодули донишҷӯён,  таҳсил дар зинаҳои магистратураву аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, барномаҳои намунавии таълимии фаннӣ, нақшаҳои таълимии магистратура, ташкил намудани  ихтисосҳои нав дар зинаҳои магистратура ва бакалавриат, коромӯзии омӯзгоронро дорад.   Дар доираи созишномаҳо ва лоиҳаҳои амалкунанда магистрон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар бозомӯзӣ карданд. Чанд нафар хатмкунандаи донишгоҳ тариқи бархат ба зинаи магистратураи ин муассисаҳо дохил шуданд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024  дар донишгоҳ аз рӯйи 12 мавзӯи фармоишӣ ва 16 мавзӯи сарборӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 135 нафар магистр ҷалб карда шудаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи олимони ҷавон пайваста ғамхориҳо менамоянд. Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши  магистрон, аспирантон стипендияи онҳо баланд бардоштанд то дар самти корҳои илмӣ корҳои назаррас анҷом дода шаванд.  Дар Паёми имсолонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст “Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”. Дар ҳақиқат вақте Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қадар дастгириву ғамхориҳои некро нисбати олимони ҷавон анҷом медиҳанд, пас ҳар нафари бедордилу худогоҳ ва худшиносу ватандӯстро лозим меояд, ки ба қадри ин ғамхориҳо бирасад.

Донишгоҳ минбаъд ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои пешрафтаи дунё  ривоҷ мебахшад, то ки олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда шаванд. Махсусан ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯйи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ тадбирҳои судманд меандешем ва ин гуна имконият барои ҳар яки шумо дода мешавад.  Боварӣ дорем, ки аксарияти шумо пас аз хатми бакалавриат таҳсилро дар зинаи иагистратура идома медиҳед ва минбаъд дар пешрафти илми кишвар ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми хешро мегузоред.

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 1

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 2

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 3

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 4

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 5

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 6

vokh rii rektori donishgo bo khatmkunandagon 7