ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хоҷагиҳои таълимӣ таҷрибавӣ

Хоҷагиҳои таълимӣ таҷрибавӣ, дар сохтори идоракунии мактабҳои таҳсилоти олии касбии аграрӣ мавҷудияти хоҷагиҳои таълимӣ таҷрибавӣ ҳамчун пойгоҳи таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён ва корҳои илмӣ тадқиқотии ҳайати профессорон ва омӯзгорон ҳатмист.

Мутахассисони оянда дар пойгоҳи ин гуна хоҷагиҳо донишҳои назариявии худро, ки аз машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ гирифтаанд боз ҳам чуқур намуда онҳоро бо амалияи истеҳсолот мепайванданд ва дар натиҷа дорои малакаи касбӣ мегарданд. Онҳо дар ин хоҷагиҳо бо усулҳои технологии парвариши зироатҳо, кишт, нигоҳубин, ғунучини ҳосил ва қоидаҳои зоотехникии нигоҳубину хӯронидани чорво, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар амалия шинос мешаванд.

Бо назардошти ин ҳанӯз солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ дар ш.Хуҷанд ба он як хоҷагии нисбатан хурди таълимӣ таҷрибавӣ "Паласс" вобаста карда шуда буд. Пас аз кӯчонидан ба пойтахт шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе, с.1944) ба донишгоҳ чунин хоҷагиҳо низ вобаста карда шуда буданд:

Дар аввали солҳои 60-ум дар донишгоҳ 3 хоҷагии таълимӣ таҷрибавӣ фаъолият дошт: "Ҳисор", "Куктош" ва "Селексионӣ" ва ҳар яки он равияи хоси истеҳсолиро доро буд. ХТТ-и "Ҳисор" ба меваю токпарварӣ, "Куктош" чорводорӣ ва "Селексионӣ" зироатҳои лалмӣ махсус гардонида шуда буданд. Соли 1963 ба донишгоҳ хоҷагии давлатии "Лоҳур", ки самти пахтакорӣ, ғаллапарварӣ ва чорводорӣ дошт, низ вобаста карда шуда буд.

Қобили қайд аст, ки ХТТ-и донишгоҳ дар баробари пойгоҳи таълимӣ , пойгоҳи беҳамтои корҳои илмӣ тадқиқотӣ буд. Маҳз дар пойгоҳи ХТТ-и "Ҳисор" навъҳои нави пахтаи миёнанах "ТСХИ-63", "ТСХИ-65" (Нагибин Я. Д., Ҳайдаров Э. Ҳ.), "Душанбе - 1" (Мансуров Н. И.) ихтироъ карда шудаанд. Ба ғайр аз ин бисёр технологияҳои муфиди парвариши зироатҳои мухталифи кишоварзӣ дар пойгоҳи хоҷагиҳои таълимӣ   таҷрибавии донишгоҳ тарҳрезӣ шудаанд.

Дар айни замон донишгоҳ дар сохтори идоракуниаш ду хоҷагии таълимӣ  таҷрибавӣ дорад: Корхонаи воҳиди таълимӣ   таҷрибавии (КВТТ) "Ҳисор" дар н.Ҳисор. КВТТ дар тобеаташ 801 гектар замин дорад. Аз ҷумлаи он 349 га замини ка- рам, 79 га замини корами лалмӣ, 50 га боғу токзор, 223 га чарогоҳ ва 100 га замини дигари истифодаи ғайри кишоварзӣ мебошанд. Дар заминҳои корам зироатҳои зерин: пахта, гандум, юнучқа, сабзавот, картошка, лаблабу, алафҳои яксола, шолӣ, ҷав, нахуд ва  зағир парвариш карда мешаванд.

Дар КВТТ фермаи ширию молӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи ин хоҷагӣ оз- моишгоҳҳои "Кишоварз", "Ихтиология", "Зооветтехнология", "Зироатҳои чормағзӣ" таъсис дода шудаанд. Ба ғайр аз ин дар КВТТ бо сарпарастии сафоратхонаи Япония "Маркази ташхиси хок ва тарғиби технологияи пешқадам" таъсис дода шудааст, ки он мунтазам барои гузаронидани семинару конференсияҳои оид ба тарғиби дастовардҳои илму таҷрибаи пешқадам мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар озмоишгоҳи "Кишоварз" бахши махсуси механиконии кишоварзӣ бо машқгоҳҳо фаъолият мекунанд. Ин бахш метавонад дар як вақт 30 нафар донишҷӯро қабул ва бо 80 ҷои хоб таъмин намояд. Дар он донишҷӯён аз таҷрибаи рондани тракторҳо  бархурдор гашта, дар охири таҷрибаомӯзӣ ба гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мушарраф мешаванд.

Озмоишгоҳи "Ихтиология"дар ихтиёраш дар масоҳати 0,5 га 2 ҳавзи моҳипарварӣ дорад. Донишҷӯён дар давраи таҷрибаомӯзиҳо бо технологияи парвариши моҳӣ дар амалия шинос мешаванд.

Озмоишгоҳи "Зооветтехнология"бевосита дар ҳудуди фермаи ширию молӣ ҷойгир карда шудааст. Донишҷӯён метавонанд бо технологияи парвариши чорво, усулҳои хӯронидан, масоили пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳо тавассути машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ дар ин озмоишгоҳ шинос шаванд. Бо ин мақсад барои қабули 200 нафар донишҷӯ дар як вақт хобгоҳ омода шудааст. Тибқи ҷадвали дарсҳо донишҷӯёни факултетҳои ветеринарӣ ва зооинженерӣ ба КВТТ сафарбар карда мешаванд.

КВТТ-и "Ҳисор" аз рӯи ҷойгиршавию хусусиятҳои хокию иқлимиаш пойгоҳи боэътимоди таълимӣ аст ва тибқи дурнамо  бояд ба имконоти он рушд бахшида   шавад.

Хоҷагии таълимӣ – таҷрибавии (ХТТ) "Ёвон-1"-и н. Ёвон. ХТТ "Ёвон-1"

дар назардошти рушди пахтакорӣ соли 1982 дар пойгоҳи хоҷагии давлатии "Ёвон-2" таъсис дода шуда буд. Дар тӯли ин солҳо дар сохтораш ва масоҳатҳои вобасташудааш тағйиротҳои куллӣ ворид гардидаанд. Ҳоло ба ХТТ 1056 га. замин вобаста карда шудааст. Аз ин масоҳат 766 га замини корами обӣ, 32 га замини  корами лалмӣ, 54 га зери об, 26 га роҳ, 21 га иншоот, 15 га ботлоқзор ва 223 гектарашро чарогоҳ ишғол кардаанд. Соҳаи асосиаш пахтакорӣ мебошад.

Дар ХТТ ғайр аз пахта, инчунин зироатҳои  ғаллагӣ  (гандум,  ҷав), ҷуворимакка, юнучқа, сабзавот, картошка, зағир ва ғайра парвариш карда мешаванд. Дар пойгоҳи ХТТ ҳамчун воҳиди мустақил озмоишгоҳи "Агротехнология" таъсис дода шудааст. Дар он оид ба омӯзиши технологияи пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ корҳои тадқиқотӣ гузаронида мешаванд. Маҳз дар пойгоҳи ҳамин хоҷагӣ навъи нави серҳосили "Суғдиён- 2" (Саидов С.) бароварда шудааст. ХТТ имконоти васеи пойгоҳи таълимиро дорост. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муфиди раёсати донишгоҳ ҳосилнокии пахта ва дигар зироатҳо меафзояд.

Соли 2010 барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ соли хотирмон аст. Маҳз дар ҳамин сол бо ташабусси Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 200 га боғи "Ваҳдат" бунёд карда шуд.

Боғ ва фермаи ширию молӣ, гармхонаҳои "Баракат"-и Ёвон ҳамчун пойгоҳи таълимӣ ба донишгоҳ вобаста карда шудаанд. Дар ҳудуди фермаи ширию молӣ

озмоишгоҳи "Зооветтехнология" бо синфхонаю шароити хобу зист барои 25 нафар донишҷӯ таъсис дода шудааст. Донишҷӯён тибқи ҷадвали дарсҳо барои гузаштани дарсҳои амалӣ, озмоишгоҳӣ ва таҷрибаомӯзиҳо сафарбар карда мешаванд.

Бо иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат боғи "Ёқут боғбунёд"-и кооперативи "Ёқут 2000", ки дар минтақаи Чормағзаки н. Ваҳдат бунёд карда шудааст, ҳамчун пойгоҳи таҷрибаомӯзӣ ба донишгоҳ вобаста карда шуд. Ин дар нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст ва тибқи он роҳбарияти хоҷагӣ ӯҳдадор аст, ки барои донишҷӯёни таҷрибаомӯз ва омӯзгорон шароит муҳаё созад.