ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Китобхона

Китобхонаи илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баробари ташкилёбии донишгоҳ соли 1931 таъсис ёфта, 1- уми сентябри ҳамон сол дарҳои худро барои хонандагон боз кардааст. Китобхона аз 5 шӯъбаи хизматрасонӣ, 6 толори хониш, толори феҳристҳо, маркази компютерӣ бо васли шабакаи Интернет, намоишгоҳи китобҳои нав ва намоиши гӯшаю лавҳаҳо бахшида ба санаҳои ҷашнию таърихӣ иборат аст.

Масоҳати умумии китобхона 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад, аз ҷумла:

  • масоҳати умумии захираи махзан 520 метри мураббаъ, аз ҷумла: шумораи умумии махзан бо назардошти ҳамаи ҳуҷҷатҳо: 356839 нусха;
  • махзани китобҳои илмӣ 32764;
  • махзани китобҳои дарсӣ 271089;
  • махзани китобҳои бадеӣ 17516;
  • давомоти хонандагон дар 1 сол 97320 нафар;
  • гардиши китобӣ 115234 нусха;
  • 15- компютер, 2 принтер, 1 дастгоҳи нусхабардорӣ;
  • шумораи аъзоёни китобхона 7009 нафар, ки 451 нафарашон устодон мебошанд;
  • миқдори ҷойи нишаст дар китобхона 300, аз ҷумла дар бинои асосӣ 285 ҷойи нишаст, дар бинои факултети зооинженерӣ 15 ҷойи нишаст;

Ҳар сол ба захираи махзани китобхона аз 2 то 5 ҳазор нусха адабиёти гуногунмазмуну соҳавӣ ворид мегардад.

Алҳол директори китобхона ДАВЛАТОВ Одина Ёрович ба уҳда дорад.