ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Китобхонаи эллектронӣ

Китобхонаи электронӣ соли 2006 ташкил шудааст, ки дар он 8860 китоб ворид шудааст. Алҳол дар китобхонаи электронӣ 26 ҷои нишаст мавҷуд аст.

Матни электронии 5104 лексияи устодон бо забони давлатӣ ба компютерҳои китобхона ворид шудаанд.

Китобхона бо китобхонаҳои донишгоҳҳои аграрии Қазоқистон, Белоруссия, Украина, Молдавия ва бо китобхонаҳои марказии илмии АИКТ, Академияи кишоварзии Русия, Китобхонаи миллӣ, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии аграрии Русия ба номи К.А.Тимирязев ва ғайра робитаи иттилоотӣ дорад.

Китобхона бо китобхонаҳои ба номи Фирдавсӣ, Донишгоҳи миллӣ, донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, Акдемияи улум, китобхонаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон робитаи иттилоотӣ дорад. Шабакаи интернет аз соли 2005 инҷониб ҳамеша дар хизмати устодону донишҷӯён қарор дорад.