ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Марказҳо

Маркази такмили ихтисоси кадрхои КАС

 

 ГУЛОВ Саидалӣ Маъмурович-Директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор

 

Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС-и ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо дастгирии раёсати донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси нақшаи тасдиқшуда барои амалӣ намудани супоришу дастурҳои  Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои  олимони донишгоҳ равона намуда, омӯзгорон ва кормандони соҳаи кишоварзиро оид ба пешбурди соҳа, бо истифодаи дастовардҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, усулҳои интерактивии дарсдиҳӣ, курсҳои бозомӯзӣ ва семинарҳо барои мутахассисон,  фермерон дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида, барои баланд бардо штани савияи дониши мутахассисон чораҳои зарурӣ андешида, мувофиқи нақшаи таълимӣ ба онҳо баъд аз хатми курси такмили ихтисос шаҳодатномаҳо дода шуданд.  Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо комёбиҳои илму техника, таҷрибаи пешқадами соҳаҳои гуногуни агросаноатӣ, усулҳои навтарини идоракунии истеҳсолот, банақшагирӣ, ҷорӣ намудани усулҳои иҷора, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), саҳҳомӣ, менеҷмент, маркетинг, андоз, гумрук, ҳуқуқ, равоншиносӣ,  малакаи  педагогӣ, ғайридавлатӣ гардонидани моликият, роҳҳои гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ шиносоӣ пайдо карда меомӯзанд.

Роҳҳои самарабахш истифода бурдани замин, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, механиконӣ, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бо усулҳои ратсионалӣ обёрикунии соҳаи кишоварзӣ ва инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дастраси шунавандагон  мегардад.

Барои гузаронидани дарсҳо ба Марказ ботаҷрибатарин устодони донишгоҳ ҷалб карда мешаванд. Ғайр аз ин, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (институтҳои илмӣ- тадқиқотии растанипарварӣ, ҷангалпарварӣ, заминсозӣ, боғдорӣ, тибби ветеринарӣ ва чорводорӣ), кормандону мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнии ш. Душанбе, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  коркунони вазоратҳо ва пешқадамони истеҳсолот таклиф карда мешаванд.  Дар назди Маркази такмили ихтисоси донишгоҳ филиалҳо дар вилояти Суғд(ш. Хуҷанд), дар вилояти Хатлон ( ш. Бохтар), вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ш. Хоруғ) ва минақаи Рашт (ш. Ғарм)  фаъолият менамод. Фаъолияти филивоҳои мазкур барои гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ ва семинар машваратҳо.

 

Донишгоҳ бо 130 донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳамкорӣ дар самти илму таълим дорад.  Бо дастгирии раёсати донишгоҳ ҳарсол даҳҳо  устодон, магистрон, докторантон ва донишҷӯёни  донишгоҳ дар  давлати хориҷӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мегузаранд.