ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

МАРКАЗИ ТЕСТИИ ДОНИШГОҲ

  Юсупов Фарухшоҳ Сайвалиевич-Директори Маркази тестии донишгоҳ. 

Бо мақсади иҷрои фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.09.2007 дар бораи гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва муташаккилона ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаю ғобона дар асоси қарори Шӯрои илмии донишгоҳ аз 31.10.2008 бо фармони №86 аз 1-ноябри соли 2008 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён ташкил шуд. Қурбонов Камолиддин Маҳмадалиевич директори Марказ, Саидов Шамсулло ҷонишини директор; методистон: Олимов Аловиддин, Солиҳов Ҷамшед, Қурбонов Абдулҳошим, Рамазонов Саймурод, Сайдалиев Маҳмурод, Мухибуллоев Баҳриддин; операторон: Ашурова Бибихатича, Олимова Нодира, Қурбонов Фирдавс; барномасозон  Қуробонов Мазбут  ва Меликова Малоҳат таъин гардиданд.

Муфассал

Маркази ИКАРДА

Маркази  ИКАРДА,  бо  ташаббуси Маркази    байналмиллалии тадќиќоти кишоварзї  дар минтаќањои хушк   бунёд  ёфта,  дорои  компютерњои ба шабакаи интернет васл гардида  мебошад,  ки  омўзгорону донишљўён бањри баланд бардоштани савияи  дониши  хеш   аз  онњо  пурсамар истифода  мебаранд.

Муфассал

Маркази мадании донишҷӯён

       Маркази  мадании донишҷӯён, клуби донишҷӯён соли 1978 таъсис ёфта, ба он Г. Боев роҳбарӣ менамуду М. Хоркашев роҳбари маҳфил буд. Баъди бо ташаббуси Г.Боев гузаронидани озмуни ҳаваскорони санъат масъалаи ташкил додани ҳайати доимии клуб аз ҳисоби ғолибони озмун ва ба он номгузорӣ пеш омад. Бо таклифи раиси доварон Хол Ҷӯраев озмуни номи беҳтарин эълон карда шуд.

Муфассал

Маркази бонувон

Маркази бонувон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбарӣ намудан ва тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон таконеро ба вуҷуд овард ва имрӯз мебинем, ки  дар ин самт занон ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд.

Муфассал

Маркази такмили ихтисоси кадрхои КАС

Директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС, профессор Гулов Саидали Маъмурович. 

Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС - Донишгоҳи аграрии  Тоxикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо дастгирии  раёсати донишгоҳ фаъолияти худро  дар  асоси нақшаи тасдиқшуда барои амалӣ намудани супоришҳои Президенти Xумҳурии  Тоxикистон, Қарорҳои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати кишоварзӣ ва қарорҳои Шӯрои илмии донишгоҳ равона намуда, омӯзгоронро оид ба пешбурди соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи дастовардҳои илмии олимони ватанӣ ва хориxӣ, усулҳои интерактивии дарсдиҳӣ, дуруст ташкил намудани дарсҳои  КМРУ ва корҳои мустақилонаи донишxӯён (КМД) дар шароити истеҳсолӣ ташкил менамояд.

Муфассал

Маркази ташхиси хок ва машварат, озмоишгоҳ

Соли 2008 бо сарпарастии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шудааст ва озмоишгоҳ аз ду утоқ: меҳмонхона ва синфхона иборат аст. Тибқи лоиҳа марказ бояд барои ташхиси агрохимиёвии  хокҳои тамоми минтақа хизмат расонад.

Муфассал

Маркази фарҳангии Эрон

Маркази фарҳангии Эрон, дар назди кафедраи "Фалсафа ва сиёсатшиносӣ" амал мекунад. Он бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Дар марказ компютерҳо, китобҳо, маҷаллаю рӯзномаҳо оиди дӯстию ҳамкории ду миллати ҳамзабон мавҷуд аст.

Муфассал