ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

Маркази назорати сифати таҳсилот ва баҳодиҳии сатҳи дониш

       Маркази назорати сифати таҳсилот ва баҳодиҳии сатҳи дониш, маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён 21 ноябри соли 2008 бо фармони №86 бо воҳидҳои кории зерин; директор, муовини директор, се нафар методист ва ду нафар оператор ташкил шудааст.

    Аз 26 марти соли 2009 дар ҷаласаи Шӯрои илмии донишгоҳ №7 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши дониш ҷӯён  дар  натиҷаи  якҷояшавӣ бо шӯъбаи ахбору аналитикӣ ва шӯъбаи назорати сифати таълим, номи шӯъбаи назорати сифати таҳсилот  ва баҳодиҳии сатҳи донишро гирифт.

     Кормандони марказ дар омодасозии тестҳои имтиҳонӣ ва гузаронидани санҷиши тестҳо иштирок менамоянд. Марказ бо мақсади татбиқи  сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро дар ДАТ назорат намуда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти он дар бобати таълим баҳо медиҳад. 

        Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва сохторҳое, ки дар Низомномаи он қайд гардидаанд, раёсати ДАТ, Шӯрои илмӣ, ректорат, шӯъбаи таълим, факултету кафедраҳо маркази бозомӯзии кадрҳои КАС-и назди ДАТ ва дигар қисматҳои ба ҷараёни таълим дахлдор, амалӣ менамояд.

333

      Дар Марказ методистон тестҳои имтиҳониро аз назар гузаронида, бо мазмуни онҳо шинос шуда ва мувофиқ будани онҳоро  бо нақшаҳои кории фаннӣ дида мебароянд. Замимаҳои имтиҳонӣ, санҷиш, кори курсӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ, аттестатсия ва дарсшиканӣ тайёр карда мешавад   ва натиҷаи онҳо ба компютер ворид карда шуда, пас аз таҳлил ба шӯъбаи таълим пешниҳод мешаванд. Инчунин нишондиҳандаҳои омории қисми таълими донишгоҳ омода карда мешаванд.